Ба гузориши манобеи хабарӣ, бошгоҳи Ал-Кувайт аз Ислом овардани "Арсен Зола", бозикуни футболи аҳли Конгои тими Кувайт дар масҷиди Зайд Муҳаммад Ал-Малим хабар дод.
Бошгоҳи футболи Ал-Кувайт бо интишори баёнияи расмӣ шарҳ дод, ки "Арсен Зола" мусулмон шуда ва номи худро ба "Молик" тағйир додааст.
Бошгоҳи Ал-Кувайт дар январи гузашта тайи қарордоде бо бошгоҳи Вадад Марокаш, Арсен Зола, бозикуни 28 солаи Конгоиро то поёни фасли ҷорӣ дар ихтиёр гирифт.
https://iqna.ir/00Hfll