IQNA

Афзоиши ҷавоизи вижаи барандагони мусобиқоти Қуръон дар Алҷазоир

18:58 - April 13, 2024
рақами хабар: 1351
ИКНА - Абдулмаҷид Табун, раисҷумҳури Алҷазоир бо имзои фармоне, дастури афзоиши ҷавоизи молӣ ва подошҳои барандагони мусобиқоти Қуръони Карим дар ин кишварро содир кард.

 

 

Ба гузориши веб-сайти расмии Созмони телевизиони Алҷазоир, Абдулмаҷид Табун, раисҷумҳури Алҷазоир бо имзои фармоне, дастури афзоиши ҷавоизи молӣ ва подошҳои барандагони мусобиқоти ҳифзи Қуръони Карим дар сатҳи байналмилалӣ ва миллӣ дар ин кишварро содир кард. Бар мабнои ин фармон, ки дар рӯзномаи расмии давлати Алҷазоир интишор ёфтааст, ҷавоизи ихтисос ёфта ба се нафари бартар дар риштаҳои ҳифз, тиловат ва тафсири Қуръони Карим дар мусобиқоти байналмилалӣ ба тартиб ба 325, 250 ва 150 миллион динор алҷазоирӣ афзоиш ёфтааст. 

Ҳамчунин ҷавоизи нақдии тахсис ёфта ба се барандаи аввал дар мутолиот, таҳқиқот ва таҳқиқоти мероси исломӣ низ афзоиш ёфтааст. Ин ҷавоиз акнун бо афзоиши сурат гирифта ба 250 миллион динор барои мақоми нахуст, 200 миллион динор барои мақоми дувум ва 150 миллион динор барои мақоми севум расидааст.

Илова бар ин арзиши ҷавоизи нақдии ихтисос ёфта ба се нафари аввали мусобиқоти кишварии ҳифз, тиловат ва тафсири Қуръон дар ин кишвар низ афзоиш ёфтааст. Бо афзоиши анҷом гирифта, ҷоизаи мақоми нахуст ба 100 миллион динор, мақом дувум 75 миллион динор ва 50 миллион динор барои мақоми севум расидааст.

Илова бар ин раисҷумҳури Алҷазоир дастур додааст, ки барои ҳофизони хурдсоли Қуръони Карим дар назар гирифта шавад ва мусобиқоте низ дар сатҳи миллӣ барои онҳо тартиб дода шавад. Ҷоизаи ин мусобиқот ба маблағи 100 миллион динор барои мақоми нахуст, 75 миллион динор барои барандаи дувум ва 50 миллион динор низ барои барандаи мақоми севум дар назар гирифта шудааст.

Алҷазоир дар солҳои ахир шоҳиди авҷгирифтан ва афзоиши чашмгири фаъолитҳои қуръонӣ будааст, баргузории мусобиқоти мухталиф дар сатҳи байналмилалӣ ва миллӣ ва ҳамчунин равнақи чопи Қуръони Карим ба ривояти Варш аз Нофеъ аз ҷумла муҳиммтарини ин фаъолиятҳо будааст. Аз сӯе ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Африқо дар ин кишвар ва ҳамчунин ДорулҚръони бузурге, ки дар ин масҷид қарор дорад, навиди афзоиши ҳар чи бештари ин фаъолиятҳоро низ медиҳад.

https://iqna.ir/00HfFY

captcha